Калимаи калидро ворид кунед

Вазифаи мо

Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (ИҲТ) ҳамчун як воситаи асосии  муттаҳидсозӣ  баҳри  рушди намудҳои санъати дастӣ  ва   муҳаё намудани заминаи устувори ҳамкорӣ  байни хунармандони Тоҷикистон  барпо шудааст.

Мақсадҳои ИҲТ чунинанд:
– Эҳё  ва рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳким ва устувор намудани  заминаи моддию техникии ИҲТ;
– Мусоидат дар фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шахсони  ҳуқуқӣ ва ташкилотҳое, ки дар соҳаи  рушди ҳунарҳои мардумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ҳастанд;
– Муттаҳидсозӣ ва ташкили заминаи ягона барои ҳамкориҳо байни  ҳунармандони Тоҷикистон;
– Омӯзиш ва баланд намудани  дараҷаи   ихтисосмандии  аъзоёни Иттифоқ дар самти муарифии онхо  дар хориҷи кишвар, бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаҳои аъзоён   ташкил намудани  курсҳои омӯзишӣ,  тренингҳо, мастер- классҳо бо      бо ҷалби тренерони хориҷӣ;

– Ташкили манбаи  архивии ҳунармандон ва тақсимбандии сохторҳои ҳунармандӣ  ба зерсохтҳо бевосита дар идораҳои минтақавии  ИҲТ дар  ҳамкорӣ бо Ҳукуматҳои вилоятӣ ва  бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Гузаронидани фестивалҳо, намоишгоҳҳои   маҳсулотҳо, барпо намудани намоишгоҳҳои шахсӣ  бо муайян намудани  сатҳ ва сифати маҳсулот. пешбарӣ намудани  маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ ва мусоидат дар  фурӯши онҳо;

– Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳунармандон – аъзоёни ИҲТ – ҳифзи қонунии хунармандони ИҲТ, пешбарии манфиатҳои   онҳо.

Эҳё ва рушд 90%

Мусоидат барои эҷод 80%

Мутаҳҳидшавӣ ва эҷод 70%

Омӯзиш ва баланд намудани малакаҳои худ 75%

Ташкили манбаи архивии ҳунармандон 50%

Гузаронидани фестивалҳо 35%

Ҳимоя ва пешбарии манфиатҳои ҳунармандон 45%