Калимаи калидро ворид кунед

Дилмурод Шарипов

Дилмурод Шарипов

Ман Дилмурод мебошам. Соли 1984 дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон чашм ба олам кушодам. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд. Истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ манбаи даромади ман аст,  бо ин фаъолият  ман зиндагии оилаи худро пеш мебарам. Истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ ҳам кори асосӣ ва ҳам шуғли дустоштаи  ман  мебошад.

Дар омода кардани маҳсулоти заргарӣ барои ман ҳама давра  ҷолиб аст-  раванд, натиҷа ва эҳсосоти харидорони маҳсулот. Ман бесаброна, бо як  интизории хоса натиҷаи офариниши худро  интизор ҳастам. Барои ороиш ва дизайни маҳсулоти худ ман аз табиати сарзамини худ, аз нахшҳо ва орнаментҳои миллӣ илҳом   мегирам.

Дар маҳсулоти ман таърих ва анъанаҳои мардуми кишвар  инъикоси  худро дарёф кардаанд, ки тарҳи онҳоро ман аз китобҳои таърихӣ, аз дидани осорхонаҳои миллӣ мегирам. Дар корам руҳи худ,  руҳ ва маданияти мардуми халқи худро ҷо мекунам.

Дар кишвари ман кори заргарӣ кори оилавӣ, фаъолияти авлодӣ мебошад. Агар як аъзои   оила машғули ин санъат бошад, ҳатманд ягон нафаре дар авлод пайдо мешавад, ки ин ҳунарро идома медиҳад. Дан айни замон ман 3 шогирд дорам, ки ҳунари манро меомӯзанд. Дар колеҷи санъат бошад, ки дар ҷой ман  омӯзгор ҳастам ба 12 донишҷӯ омӯзиши касби заргариро  меомӯзам. Илова бар ин, яке аз шогирдони муҳимтарини ман – ин писари кунҷкоби 7 солаи ман мебошад, ки дар эҷоди баъзе маҳсулотҳо  алакай ба ман  кӯмак мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *