Калимаи калидро ворид кунед

Фирдавс Назаров

Фирдавс Назаров

Фирдавс Назаров

Ман,  Фирдавс Назаров,  17 июни соли 1987 дар Ҳисор тавлид шудам. Ман коллеҷи санъати ш. Душанбе – ро дар соли 2007 хатм намудаам. Баъдан ман фаъолияти заргарии  худро оғоз кардам.  Ман тасаввур ӽам  намекардам, ки рӯзе заргар мешавам, вале бо амри тақдир   ман  ӽаёти худро бо заргарӣ пайвастам ва аз ин хеле шод ӽастам.  Ҳозир оғоз кардани фаъолияти соӽибкорӣ хеле вазнин аст. Ба ин нигоӽ накарда, ман аз ин фаъолият қонеъ ӽастам, зеро ӽар рӯз дар ҷои кории худ бо одамони зиёд вомехӯрам, тарӽрезгари вақти худам мебошам ва аз фаъолияти худ даромад дорам. Ҳамсари ман хатмкунандаи ӽамин коллеҷ ӽастанд ва  мо дар якҷоягӣ кори худро оғоз кардем. У дизайни маӽсулотро омода мекунанд, ман бошам ин намунаӽоро  месозам.  Фаъолияти якҷояи созандаи мо оилаи моро таъмин мекунад. Маӽсулоти омодакардаи ман 100 % маӽсулоти дастӣ мебошанд, ба монанди гарданбанд, ангуштарин, ӽалқа, дастпонаӽо, қулфи гиребон (брошь),  сандуқчаӽо барои зару зевар.  Ман барои омода кардани зару зевар аз нуқра ва сангӽои натуралӣ истифода мебарам.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *